Мулоқоти Э. Раҳмон бо Муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Белгия
Душанбе, 12 апрел (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар брюсел бо Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуд.Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистону Белгия баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ба нақши Белгия дар татбиқи амалии Созишнома дар бораи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, аз дастгириҳои пайвастаи он аз рушди Тоҷикистон арзи қадрдонӣ намуд.Дар муносиботи дуҷониба нақши Бизнес-клуби Белгия – Тољикистон намоён арзёбӣ гардид.Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди муносиботи сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.Ҳамчунин доир ба вазъи кунунию дурнамои Афғонистон, густариши ҳамгироӣ барои эҳёи ҳаёти осоишта дар ин кишвар ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






