Мулоқоти Э. Раҳмон бо роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Даннро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба доир ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, вобаста ба имконият ва шароити дохилию минтақавӣ ва ҳамчунин бо назардошти тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор дар рафти татбиқ қарор дорад.Бештар ба масоили омодасозии нақшаи нави ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор барои се соли оянда мароқ зоҳир карда шуд.Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба идома ва таҳкими ҳамкории судбахш таъкид доштанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






