Мулоқоти Х.Зарифӣ бо П.Флор
Душанбе, 26 апрел (АМИТ «Ховар»).-25 апрели соли 2013 дар ҳошияи 3-юмин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои «Раванди Истанбул оид ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ баҳри сулҳу субот дар Афғонистон», ки дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор сурат гирифт. Дар вохӯрӣ тарафҳо аз сатҳи мавҷудаи ҳамкориҳои мутақобила изҳори қаноатмандӣ намуда, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақавӣ, аз ҷумла раванди таъмини амният ва субот дар Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






