Мулоқоти иттилоотӣ оид ба лоиҳаи CASA-1000

Апрель 27, 2013 10:54

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Дирӯз дар Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ҷамъияти шаҳрвандӣ мулоқоти иттилоотӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи рушди интиқоли нерӯи барқ дар Осиёи Маркази ва Осиёи Ҷанубӣ CASA-1000 баргузор гардид. Дар ин чорабини намояндагони марказҳои таҳлилии мустақил, ассотсиатсияҳо, созмонҳои ҳуқуқии ғайриҳукуматӣ ва ғайра иштирок намуданд.Тавре маълум аст, мақсад аз лоиҳаи CASA -1000 ин таҳияи овардани механизми содироти нерӯи барқи зиёдатии дар фасли тобистон дар ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мавҷудбуда ба Афғонистон ва Покистон иборат мебошад. Ин лоиҳа барои табодули тақрибан 1000-1300 МВт нерӯи барқ дар минтақа имкон медиҳад. Ёдовар мешавем, ки масъалагузории омодасозии лоиҳа бо Асосноккунии техникию иқтисодӣ ҳануз соли 2007 шуруъ шуда, аммо таҳияи воқеии он соли 2011 оғоз гардид. Он бо иштироки Бонки ҷаҳонӣ такмил дода шуда сентябри ҳамон сол ҷаласаи аввали Шӯрои байниҳукуматӣ дар шаҳри Бишкек баргузор гардид. Айни замон, АТИ омода гардида, ҳамчунин омӯзишҳои зиёде мисли таъсир ба муҳити зист, таҳияи барномаи хизматрасонии иловагӣ барои аҳолӣ дар самти хатгузари нерӯи барқ, баҳодиҳӣ ва барномаи таъминоти бехатарии сохтмони хати нерӯи барқ ва ғайра амалӣ гардидааст. Вобаста ба лоиҳа Котиботи Шурои байниҳукуматӣ вуҷуд дошта, гуруҳҳои кории кишварҳо ҷиҳати баррасии масъалаҳои марбут ба лоиҳа тибқи нақшаҳо мулоқотҳо анҷом медиҳанд.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз котиботи вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 27, 2013 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Чӣ тавр муштариён шабакаи мобилиро иваз мекунанд
6 июл дар вазорату идораҳои Тоҷикистон нишастҳои матбуотӣ оғоз мегарданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Раиси вилояти Хатлон дар Қазоқистон бо ҳамватанон ва соҳибкорони тоҷик вохӯрӣ намуд
Дар марказҳои таълимии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 52 касбу ихтисос мутахассис омода карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат ба муносибати қабули ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
ВАҲДАТИ МО КОХИ ПИРӮЗИИ МОСТ! Мулоҳизаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло
Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест