Мулоқоти Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ бо Оқил Оқилов

Апрель 15, 2013 16:48

Душанбе, 15 апрел.( АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Дар доираи сафари расмии Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имрўз мулоқоти хоссаи меҳмони олиқадр бо Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов баргузор шуд.Зимни мулоқот ҷонибҳо бобати таҳкиму тавсеаи муносибатҳои байниҳукуматии тарафайн табодули афкор карда, зарурати беҳтарсозии кори Комисияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро махсус таъкид намуданд.Тавре ки таъкид шуд, барои ба сатҳу сифати боз ҳам беҳтару хубтар расонидани раванди муносибатҳои байниҳукуматӣ шароиту имконоти зарурии тарафайн фароҳам оварда шудааст.Дар мулоқот доир ба дигар паҳлуҳои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ табодули афкор сурат гирифт.

Апрель 15, 2013 16:48

Хабарҳои дигари ин бахш