Мулоқоти Раҳимов бо тоҷикони Қирғизистон
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Олим Раҳимов бо сафари корӣ аз вилоятҳои Ӯшу Боткенти ин кишвар дидан кард. Дар ин бора Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ иттилоъ дода афзудааст, ки Олим Раҳимовро дар вилояти Ӯш намояндаи комилҳуқуқи Президенти Қирғизистон дар ин вилоят Сооронбой Жээнбеков ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд ва Олим Раҳимов мақсади сафарашро шиносоӣ бо вилоятҳои Ӯшу Боткент ва вохӯрӣ бо тоҷикони муқими ин манотиқи ҳамсоякишвар унвон кардааст. Гуфта мешавад сафири тоҷик аз ноҳияи Қаросӯйи вилояти Ӯш, ноҳияҳои Қадамҷой ва Лайлаки вилояти Боткент дидан карда, бо тоҷикони муқими ин манотиқ мулоқот намуда ва ба суолҳои бешумори онҳо посух гуфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






