Мулоқоти Шариф Саид

Апрель 24, 2013 11:07

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид дар ҳошияи иштирок дар Конгресси 8 – уми умумиҷаҳонии палатаҳои савдо дар шаҳри Давҳаи Шоҳигарии Қатар як қатор мулоқот анҷом дода, аз ҷумла, бо Дабири кулли Палатаи ҷаҳонӣ Жан –Ги Карре сӯҳбат намуд. Тавре ки аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот мавзӯи конгресс, масоили мубрами рушди соҳибкорӣ дар вазъияти бӯҳрони ҷаҳонӣ, густариши соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон ва тағйирот ба қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор гирифт. Жан – Ги Карре зикр намуд, ки ба Созмони умумиҷаҳонии савдо ворид шудани Тоҷикистон дастоварди муҳиме дар амри ҷалби сармояҳо ва дохил шудан ба низоми савдои ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Ҷонибҳо аз рӯи натиҷаи мулоқот табодули ҳуҷҷатҳои иттилоотӣ намуданд. Дар ҷараёни мулоқоти Шариф Саид бо раиси Федератсияи умумиҷаҳонии палатаҳои савдо Рон Иракли мақоми Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар рушди соҳибкории хурду миёна зикр гардид.Шариф Саид ҳамчунин бо президенти Палатаи савдои Украина Г. Чижиков сӯҳбат намуд. Ҷонибҳо масоили ҳамкории дуҷониба ва имконияти доир намудани намоишгоҳи миллии Украина дар Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Апрель 24, 2013 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард