Мулоқоти Шералӣ Хайруллоев бо Адилбек Ҷаксибеков
Душанбе,16 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)-Нимаи дуюми дирӯз вазири мудофиаи Қазоқистон Адилбек Ҷаксибеков бо вазири мудофияи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Хайруллоев созишномаи байнидавлатӣ дар хусуси кӯмаки бебозгашт дар соҳаи ҳарбӣ-техникӣ ба имзо расониданд.Тавре ки дар ин бора сухангӯй Вазорати мудофиаи кишвар Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи амнияту суботи минтақа, авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки аз ҷониби сарони ин кишварҳо ба имзо расидааст, баррасӣ карданд.Ҳамчунин зимни мулоқот мусоҳибон доир ба табодули донишу таҷрибаи низомиёни ду кишвар, ба роҳ мондани машқҳои муштараки ҳарбӣ ва омодасозии кадрҳои афсарӣ сухан гуфтанд.Бино ба иттилои манбаъ, берун овардани қӯшунҳои зиддитеррористӣ аз Афғонистон ва масоили таъмини бехатарӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ маҳаки асосии ин мулоқот буд.Ёдрас мешавем, ки ҳамкориҳои низомии Тоҷикистону Қазоқистон аз соли 1999 маншаъ гирифтаа ва амали гардонии он аз тариқи ҳамкориҳои ИДМ ва СҲШ сурат мегирад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






