Мулоқоти вазири молия бо роҳбари намояндагии ХБА
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Чанде пеш вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов бо роҳбари намояндагии Хазинаи байналмилалии асъор Ҷонатан Данн мулоқот анҷом дод. Тавре ки аз котиботи Вазорати молияи кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот натиҷаи иҷрои буҷа дар соли 2012, меъёрҳои буҷа барои соли 2013, ҳамчунин хароҷоти буҷа барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, афзоиши даромад ва масоили сиёсати умумиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Роҳбари намояндагии мазкур Ҷонатан Данн фикрашро перомуни иҷрои нишондодҳои назоратии сиёсати макроиқтисодӣ ва фискалӣ баён намуд. Намояндагӣ ҳамчунин самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро бо раёсатҳои дахлдори Вазорати молияи Тоҷикистон муҳокима менамояд.Ҷонибҳо ба масоили сиёсати молиявию андоз, аз ҷумла ба масъалаҳои марбут ба нерӯгоҳи барқи обии Роғун, татбиқи Кодекси Андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳалли проблемаҳои Агроинвестбонк таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






