Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири давлатии корҳои хориҷии Ҳиндустон Шри Е Ахамед мулоқот кард. Бино ба иттилоии ВКХ зимни суҳбат вазирони Тоҷикистону Ҳиндустон масоили амалишавии қарордодҳоеро, ки ҳангоми сафари расмии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон ба тавсиб расида буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.Сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ дар ин бора афзудааст, ки ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва масъалаҳои муҳими минтақавиро муҳокима намуданд. Зикр гардид, ки ҳамкориҳои босамари Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, фарҳанг, маориф, технологияҳои иттилоотӣ бомаром идома доранд.Ҳамчунин Ҳамрохон Зарифӣ ва Шри Е. Ахамед ба масоили навсозии Нерӯгоҳи барқи обии Варзоб-1 ва дастгирии ҷониби Ҳиндустон аз маҷмааи саноатии кишвар, аз ҷумла корхонаҳои хурди истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






