Мулоқоти вазирони ВКХ Тоҷикистон ва Афғонистон
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). – Дар ҳошияи Конфронси сеюми раванди истамбулии амнияти минтақа ва ҳамкорӣ ҷиҳати барқарор намудани сулҳу суботи Афғонистон 25 апрел дар шаҳри Алмаато мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид. Ҷонибҳо вазъи ҳозираи ҳамкории дуҷониба дар амри сулҳу суботи Афғонистонро ба таври мусбат арзёбӣ карда, перомуни тадбирҳои афзун намудани имконоти раванди Истамбул табодули афкор намуданд.Дар ин бора аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






