Муноқишаҳои навбатии муҳоҷирон

Апрель 3, 2013 16:38

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 1 апрели соли ҷорӣ дар шаҳраки «1- май»-и шаҳри Балашихаи вилояти Маскав байни шаҳрвандони ҶТ, сокинони ноҳияи Ванҷ ва ҷамоати Язгулом муноқиша бархест. Аз Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд, ки дар натиҷа аз тарафи сокинони Язгулом як нафар истиқоматкунандаи ноҳияи Ванҷ, деҳаи Бунай Талабшо Асоев, соли таввалудаш 1982, бо корд захмӣ гардида, дар беморхонаи клиникии №14 ноҳияи Соколникии шаҳри Москва бистарӣ мешавад. Ҳамзамон бегоҳии ҳамон рӯз 3-4 нафар сокини ҷамоати Язгулом (ному насабашон номаълум) дар кӯчаи Проектируемийи ноҳияи Измайловои шаҳри Маскав дар наздикии Маркази тиҷоратии Новочеркизовский шаҳрванд Малики Сафаралӣ. соли тавваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ванҷ, деҳаи Ровандро тавассути таппонча мепарронанд. Аз ҷароҳати бардошта Малики Сафаралӣ тақрибан соати 21 дар беморхонаи клиникии шаҳрии №36 ба ҳалокат мерасад. Намояндагии ХМ дар ҷойи ҳодиса бо кормандони шуъбаи тафтишотии ноҳияи Измайлово мулоқот намуда, муайян кард, ки аз рӯйи ҳодиса гуруҳи фаврию ҷустуҷӯӣ таъсис дода шуда, дар айни замон тафтиш идома дорад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Хадамоти муҳоҷират иттилоъ доданд.

Апрель 3, 2013 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш