Муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ

Апрель 17, 2013 16:10

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Аз ҷониби кормандони шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар вилояти Суғд дар муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ шаҳрванд Аббос Хоҷаев, соли таваллудаш 1971, сокини кӯчаи Қосимови шаҳри Конибодом ҳамчун гумонбар дастгир шуд.Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ВКД иттилоъ доданд, ӯ бо муомилоти ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул гашта, рӯзи 16 апрели соли ҷорӣ дар мошини шахсиаш, тамғаи «Дэу-Лабо» ба шаҳрванд Зоир Самиев, соли таваллудаш 1981, сокини ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом ба маблағи 5000 доллари амрикоӣ асъори хориҷӣ фурӯхтааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Апрель 17, 2013 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад