Муроҷиати шаҳрвандон ба шуғли аҳолӣ
Кӯлоб, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар минтақаи Кӯлоб дар се моҳи соли ҷорӣ ба раёсату шуъбаҳои Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират 3227 нафар бо масъалаи гуногун муроҷиат намуданд, ки аз ин шумора 1298 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз онҳо 887 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гардида, аксари онҳо ба ташкилоту муассисаҳо, хоҷагидорӣ, касбомӯзӣ, бозомӯзӣ, корҳои ҷамъиятӣ ва дигар соҳаҳои гуногуни мухталиф сафарбар гардиданд. Мавриди зикр аст, ки дар ин давра бо иштироки намояндагии ташкилоту муассисаҳо аз тарафи раёсат 19 ярмаркаи ҷойҳои холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд ва 95 нафар шахси эҳтиёҷманд бо кор таъмин гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






