Мушкилоти ҳавосанҷон осон гардид
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- 16-уми апрели соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фаъолияти семоҳаи якум ва вазифаҳои навбатӣ дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ баррасӣ шуд. Раиси кумита Талбак Салимов гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 5947 санҷиши комплексӣ, соҳавӣ ва фаврӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 23% зиёд мебошад. Дар натиҷаи санҷишҳо ба субъекҳои фаъолияти хоҷагидор барои риоя накардани талаботи қонунгузорӣ 9289 пешни¬ҳод¬и иҷрояш ҳатмӣ дода шуд, ки 75,5% иҷро гардид ва нишондоди мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ таносубан 23 ва 6% зиёд мебошад. Барои дар фасли сармо ҳифз намудани ҳайвоноти ваҳшӣ бо Фармоиши раиси кумита нақшаи чорабиниҳо таҳияю тасдиқ гардида, ситод таъсис дода шуд ва дар асоси он аз тарафи сохтор¬ҳои марбута корҳои муайян иҷро гардиданд. Аз ҷумла дар Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикор барои аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноту парранда¬гони ваҳшӣ 81,5 тонна маводи ғизои ва 450 кг намак истифода шуд, ки 50815 сомониро ташкил медиҳад. Кормандони 40 стансия ва дидбонгоҳи обченкунии Муас¬сисаи давлатии обуҳавошиносӣ бо либосҳои махсус, ангишт ва сўзишворӣ пурра таъмин гардиданд. Ҳамзамон 39 стансия ва 18 дидбонгоҳи обченкунӣ бо радиостансия, генератори барқистеҳҳсо묬ку¬нанда, телефонҳои шаҳрию мобилӣ, аккумулятор ва поч¬таи электронӣ муҷаҳҳаз шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






