Нахустқадам дар шинохти Пасрӯдӣ
Душанбе, 4 март. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Нашриёти «Истеъдод» осори бозмондаи суханвари асри ҳаждаҳ ва ибтидои қарни нуздаҳуми тоҷик—Мирзо Нозеҳи Пасрӯдиро бо номи «Насими Пасрӯд» мунташир кард. Ин китобро шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ таҳияву тадвин карда, ба он пешгуфтор навиштааст.Гуфта мешавад осори бозмондаи шоир аз авроқи парешон ҷамъу таҳия гардида, чун «мушт аз хирвор» пешкаши хонандагон гардидааст ва мавҷуд будани девони комили ӯ ҳанӯз иттилое нест. Ин китоб дар кори беҳтар шиносо намудани хонандаи имрӯз бо аҳволу осори ин шоири ҳанӯз номаъруфи тоҷик нахустин қадам аст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






