Нархи ғалла ва орди гандум тағйир наёфтааст
Душанбе, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – То 1 марти соли 2013 дар бозорҳои шаҳри Душанбе нархи миёнаи як халта (50 килограмм) орди навъи якуми истеҳсоли дохилӣ 145,3 сомонӣ, орди навъи дуюм 140,8 сомонӣ ва орди истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон таносубан 151,3 ва 138,8 сомониро ташкил дод. Нархи орди истеҳсоли ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта баробари 29 фоиз ва орди истеҳсоли Ҷумҳурии Қазоқистон баробари 30 фоиз қимат шудааст. Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои кишвар, моҳи марти соли 2013 нархи орд дар бозорҳои кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тағйир наёфтааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






