«Насли созанда» ва тарғиби арзишҳои ватандӯстона
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Марҳилаи якуми аксияи «Насли созанда», ки бо ибтикори дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардид, рӯзи 6 апрели соли 2013 дар маркази вилояти Хатлон- шаҳри Қурғонтеппа оғоз гардид. Мақсад аз баргузории аксияи мазкур пеш аз ҳама баланд бардоштани руҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ, бедории воқеии миллӣ, сатҳи зебоишиносӣ ва маънавиёту созандагию бунёдкории ҷавонон, ҳисси ифтихори миллӣ аз дастовардҳои давраи Истиқлолият, тарғиби арзишҳои фарҳанги миллӣ, фароҳам овардани имконияти васеи қонеъ гардонидани талаботи маънавӣ ва густурда сохтани нақши ҷавонон чун нерӯи созандаи ҷомеа мебошад.Дар аксия муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров, раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва меҳмонон аз дигар манотиқи кишвар иштирок карданд. Дар вохӯриҳо бо сокинони вилоят С. Сафаров оид ба ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият ва тақвияти Ваҳдати миллӣ, ризоияти ҷомеа, фазои мусоиди сулҳу субот, густариши пайвастаи худогоҳиву хештаншиносӣ ва марҳилаи нави такомули давлати соҳибистиқлол, оид ба омилҳои муҳими пешрафти ҷамъият, тафаккури солим, таблиғоти сиёсӣ, манфиатҳои сиёсии давлат, низом ва ҷаҳонбинии сиёсии ҳизбҳо ва дигар масоили сиёсӣ сухан гуфт. Ҷиҳати дастгирӣ ва кӯмак расонидан ба оилаҳои камбизоат, ятимону бесаробонон дар доираи чорабиниҳои аксияи “Насли созанда” дар варзишгоҳи маҳаллаи “Хатлон” бо ташаббуси соҳибкорон Соҳибовҳо тӯи суннатии 55 нафар наврас ва хонадоршавии 8 ҷуфт арӯсу домод баргузор гардид. Аксияи мазкур дар умум 35 ҳазор нафар сокини вилояти Хатлонро фаро гирифт. Марҳилаи дуюми он рӯзҳои наздик дар вилояти Суғд баргузор мегардад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






