Натиҷаи дастовардҳои Тоҷикистон тавассути ЦАРЭС

Апрель 19, 2013 15:45

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ семинари миллӣ бо дастгирии Бонки Осиёии Рушд дар доираи Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Натиҷаи дастовардҳои Тоҷикистон тавассути ЦАРЭС: дастовардҳо ва мушкилот» баргузор гардид. Дар он намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. Намояндагони вазорату идораҳои марбута ва ташкилоту созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон дар мавзуъҳои «Ҷараёни татбиқ, дурнамои нақшавӣ ва афзалиятҳо», «Оид ба мавқеъ ва афзалиятҳои бахши нақлиёт», «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамлу нақли байнисарҳадӣ» маърӯза намуданд. Дар ҷараёни чорабинӣ байни иштирокчиёни семинар оид ба мавзуъҳои матраҳгардида муҳокимаю мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

Апрель 19, 2013 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд