Наврӯз дар Истамбул
Истамбул, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Катерина Аксакова). – 31 март дар шаҳри Истамбули Туркия маросими таҷлили иди Наврӯз баргузор гардид. Тавре ки аз консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ин чорабинии ботантана Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Фаррух Шарифов, консули генералии Тоҷикистон дар Истамбул Илҳом Абдураҳмонов, шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Туркия, ҳамчунин донишҷӯёне, ки дар донишкадаҳои олии Туркия таҳсил мекунанд, иштирок доштанд.Дар маросими идона Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдуллоев ва дастаи ҳунарии «Зебо» ҳунарнамоӣ карданд.Дар ҳошияи чорабинии фарҳангӣ маҳсулоти косибон, сару либос ва асбобҳои мусиқӣ ба маърази намоиш гузошта шуд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






