Наврӯз дар Кумитаи корҳои дин

Апрель 1, 2013 14:57

Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯзро таҷлил намуданд. Дар чорабинӣ Одинашо Муродов, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири Президент оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ ва робита бо аҳли ҷомеаи дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Юсуфов Умриддин, раиси Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Холиқов ва намояндаҳо аз иттиҳодияҳои ғайриисломӣ, Маркази исломии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва гимназияи исломии Точикистон иштирок намуданд. Дар чорабинӣ саҳначаҳои ҷолиби наврӯзӣ, ки баёнгари фарҳанги пурғановати гузаштагон буд ва аз ҷониби кормандони Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода шуда буданд, манзури меҳмонон гардид. Ҳамзамон рӯзи 31.03.2013 аз ҷониби Кумитаи корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯи арӯсиву домодии як ҷуфт ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардида, ба оилаҳои навбунёд туҳфаҳои хотиравӣ такдим гардид.

Апрель 1, 2013 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш