Нишасти Гуруҳи муштараки кории ҳамоҳангсози роҳи оҳан
Душанбе, 18 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Имрӯз дар шаҳри Ашқободи Туркманистон мулоқоти Гуруҳи муштараки кории ҳамоҳангсози роҳи оҳани Туркманистону Афғонистон ва Тоҷикистон ба кор шуруъ мекунад. Дар назар аст дар мулоқот гуруҳи корӣ тарҳи сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро баррасӣ кунад.Нишасти мазкур то 19-уми апрел идома хоҳад кард.Ёдрас мешавем, ки тарҳи роҳи оҳан миёни ин се кишвар- Туркманистон, Афғонистон ва Тоҷикистон пешниҳоди Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Президенти Туркманистон буда, аз ҷониби сарони ин кишварҳо дар арафаи ҷашни Наврӯз-2013, ки дар Ашқобод баргузор гардид, санади сохтмони роҳи мазкур имзо шуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






