Нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳаи саноати маводи сохтмон
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Бойева Мавзуна).- Корхонаҳои соҳаи маводи сохтмон дар семоҳаи якуми соли равон ба маблағи 14,2 миллион сомонӣ масолеҳ истеҳсол карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 миллион сомонӣ зиёд буда, 200 % суръатафзоиро ташкил медиҳад. Дар ҷумҳурӣ дар айни замон 180 корхона ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул буда, шумораи умумии ҷойҳои корӣ 5745 нафарро ташкил менамояд, ки аз ин 53 ҷойи кории барқароршуда ва 12- тоашро ҷойи нави корӣ ташкил медиҳад. Суръатафзоии истеҳсоли масолеҳро аз рўи ҷамъбасти семоҳаи аввал ҶДММ «Силкоат Боя»-и шаҳри Хуҷанд 4,1 маротиба, ҶДММ «Ғаюр»-и ноҳияи Ёвон 4 маротиба, ҶДММ «Сангрезаи обшорон»-и ноҳияи Рўдакӣ 4 маротиба, ҶСК «Комбинати масолеҳи сохтмонӣ»-и шаҳри Исфара 2,4 маротиба, ҶДММ «Эҳё»-и ноҳияи Ҷ.Расулов 3,2 маротиба, ҶДММ «Хишти аввал»-и ноҳияи Рўдакӣ 2,3 маротиба, ҶДММ «Розияи сангрез»-и ноҳияи Сино 2,3 маротиба , ҶДММ «Заводи шағал»-и ноҳияи Б. Ғафуров 194,5 % ва дигар корхонаҳо таъмин карданд. Соли ҷорӣ содироти қуми квартсӣ ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шуда, аз ҷумла дар семоҳаи якуми соли равон содироти ин намуди маҳсулот 5,6 ҳазор тоннаро ба маблағи 139,4 ҳазор доллари ИМА ташкил дод.Дар ин бора ба мухбири АМИТ Ховар аз дафтари матбуоти Вазорати энерегтика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






