Нишондодҳои саноати мудофиа ва кимиё афзун мешаванд
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Нишондиҳандаҳои корхонаҳои саноати мошинсозӣ, мудофиа ва кимиёи Тоҷикистон назар ба ҳамин давраи соли 2012 қариб 25 фоиз афзун гардиданд. Корхонаҳои мазкур дар давраи ҳисобот ба маблағи қариб 250 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Дар ин бора аз котиботи Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, сабаби афзоиши исеҳсоли маҳсулот таҷдиди коргоҳҳо, ҳамчунин бунёди як қатор корхонаҳои нав мебошад. Алҳол корхонаю коргоҳҳои саноати мудофиа ва кимиё бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






