Низоми кредитиро бояд донист
Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ бо ширкати муовини ректор оид ба илм Б.Самиев пиромуни низоми таҳсилоти кредитӣ конфронси илмию назарявӣ баргузор гардид. Дар конфронс проффесорон, омӯзгорон ва аспирантону донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар конфронс зикр шуд, ки имрӯзҳо низоми кредитии таҳсилот дар Донишгоҳи омӯзгорӣ дар низоми бакалавриат ва магистратура ба роҳ монда шудааст. Ин низом на фақат дар ин донишгоҳ, балки дар тамоми макотиби олии кишварамон бо муваффақият амалӣ мегардад. Сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратии донишгоҳ А.Файзуллоев оид ба мавзӯи «Таъмини ҳуқуқҳои донишҷӯён тибқи низоми кредитии таҳсилот» ибрози андеша намуда, зикр кард, ки агар донишҷӯ 256 кредитро бомуваффақият супорад, ӯ ҳуқуқи таҷрибаомӯз шудан ва кори дипломӣ навиштанро дорад. Агар дар давоми соли хониш аз се фанни тахассусӣ баҳои ғайриқаноатбахш гирад, аз донишгоҳ хориҷ мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






