Оғози Бозиҳои варзишии наврасони ҶТ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- 16 апрели соли равон дар Маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа маросими кушоиши марҳилаи ниҳоии Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.Ёдовар мешавем, ки мақсад аз баргузории Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш сурат мегирад, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиш, муайян намудани беҳтарин варзишгарон ва дар маҷмуъ рушду густариши тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишвар мебошад. Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар се марҳила сурат мегиранд. Марҳилаи аввал нимаи дувуми моҳи феврали соли равон дар сатҳи шаҳру навоҳӣ; марҳилаи дуввум моҳи март дар шаҳри Душанбе, минтақа ва вилоятҳо ва марҳилаи саввум ва ниҳоӣ аз 15 то 27 апрели соли равон баргузор мегардад.Бозиҳои варзишии наврасони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 8 намуди варзиш: сабук, вазнбардорӣ, таэквондо-ВТФ, бокс, гӯштини дзюдо, тарзи озод, юнону румӣ ва гӯштини самбо сурат мегирад.Ғолибон ва ҷоизадорони чорабинӣ дар вазн ва масофаҳои алоҳида бо диплому медал, дастаи ғолибон ва ҷоизадорон аз рӯи намудҳои варзиш бо диплому ҷом ва ғолибону ҷоизадорон аз рӯи 8 намуд дар ҷамъбасти Бозиҳо бо диплому туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ қадрдонӣ мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






