Об барои ҳаёт
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).-Баҳри татбиқи чорабиниҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнгирии соли 2013 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об», таҷлили «Рўзи умумиҷаҳонии об», татбиқи сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии муаллимон ва донишҷўён перомуни ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ 30 марти соли равон аз ҷониби маркази ахбори экологии кумита якҷоя бо Муассисаи давлатии маркази илмию тадқиқотии ҳифзи захираҳои об дар факултаи геологияи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон дар мавзўи «Об барои ҳаёт» конфронси илмию амалии олимону донишҷўён гузаронида шуд. Дар конфронс олимони кафедраи гидрогеологияи факулта К. Вазиров, А. Каримов, А. Восиев, донишҷӯёни курси 1Y Р. Фирӯзбахт, Б. Абдуллоев, М. Қурбонбекова ва дигарон дар мавзуъҳои «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба манбаъҳои обӣ», «Инсон ва об», «Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва коркарди заминҳои обёришаванда», «Истифодаи оқилонаи захираҳои оби зеризаминӣ» маърўза карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






