Олимони Маскав дар Данғара таҳқиқот мебаранд

Апрель 6, 2013 11:03

Душанбе, 6 апрел (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).- Мувофиқи иттилои Академияи илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ олимони Пажуҳишгоҳи хокшиносӣ мунтазам ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои заминистифодабарӣ дар вилояти Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба беҳтар намудани ҳосилхезии хок, пешгирии хок аз таназзулшавӣ ва дубора шӯршавии хокҳо тавсияю пешниҳодҳо медиҳанд.Олимони пажуҳишгоҳ дар якҷоягӣ бо олимони Институти давлатии Маскав ба номи Ломоносов ва филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шоҳтемуров дар ноҳияи Данғара соли сеюм аст, ки таҷрибаҳои илмию таҳқиқотиро оид ба муайян намудани таъсири нуриҳои нитрогенӣ ва изотопӣ- нитроген-15 гузаронида истодаанд.

Апрель 6, 2013 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш