Омодагиҳо ва оғози фаъолият дар корхонаҳои нав
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Бойева Мавзуна).- Бо мақсади татбиқи «Барномаи рушди масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» ҷиҳати бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ, таҷдиди корхонаҳои амалкунанда идома дошта, ба истифода додани 25 корхонаи хурду миёнаи масолеҳи сохтмонӣ пешбинӣ шудааст.Дар семоҳаи якум дар ноҳияи Шўрообод корхонаи истеҳсоли қуму шағали ҶДММ «Анвар» бо иқтидори 40 ҳазор м3 дар як сол бо таъсиси 12 ҷойи корӣ ба фаъолият оғоз намуд. Сохтмони корхонаҳои оҳакбарорӣ дар ноҳияи Ғончӣ, ҶДММ «Спитамен» бо иқтидори 20 ҳазор тонна, корхонаи истесоли хишт дар шаҳри Ваҳдат- ҶДММ «Тян сой» бо иқтидори 5,0 миллион дона, коргоҳи хиштб дар ҶДММ «Кирамзит» (3,0 миллион дона), истеҳсоли семент аз клинкери воридотӣ дар шаҳри Конибодом- ҶДММ «Портландсемент» (20 ҳазор тонна) анҷом ёфта, дар семоҳаи дуюм истеҳсолотро ба роҳ мемонанд. Дар ин корхонаҳо 85 ҷойи нави корӣ пайдо мегардад. Дар ноҳияи Ёвон аз ҷониби ҶММ «Хуаксин Ғаюр семент» сохтмони корхонаи семент (бо иқтидори солонаи 1 млн. тонна) идома дорад. То имрӯз ба маблағи 85 млн. доллари ИМА корҳо анҷом дода шуда, таҷҳизоти технологии завод насб мешавад. Дар ин бора ба мухбири АМИТ Ховар аз дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






