Ошноии бештар бо таърихи донишгоҳи тиббӣ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- 30 марти соли равон бо пешниҳоди Созмони ҷамъиятии «Пешрафт» 12 нафар довталабоне, ки хоҳиши таҳсил дар Донишгоҳи тиббиро доранд, аз донишгоҳи мазкур дидан карданд. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ иттилоъ доданд, ҳадаф аз ташрифи ин ҳайат ошноии бештар бо таърихи донишгоҳи тиббӣ, сохтори он, қоидаҳои қабули довталабон ва огоҳӣ аз нозукиҳои пешаи табибӣ буд. Парвина Зиёева, намояндаи созмони мазкур, ки ҳайатро роҳбарӣ менамуд, бо тавзеҳ аз самти фаъолияти Созмони чамъиятии «Пешрафт» гуфт, ки он барномаи «Invest in Talent»-ро амалӣ менамояд. Ба гуфтаи ӯ яке аз ҳадафҳои ин барнома кӯмак ба ҷавонони лаёқатманд аз оилаҳои камбизоат дар интихоби касб ва таҳсил дар донишгоҳ мебошад. Ҳайати довталабон инчунин аз китобхона, толори хониш, толори электронӣ, маркази тибби собитшуда, кафедраҳои биология ва физиологияи нормалӣ дидан намуданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






