«Оянда аз ту вобаста аст»
Душанбе,25 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат)- Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии «МегаФон Тоҷикистон» мусобиқаи футболи хурдро миёни хонандагони мактаб-интернатҳои кишвар таҳти унвони «Оянда аз ту вобаста аст» доир менамояд.Тавре ки дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, дар он хонандагони солҳои таваллуди 1998-1999 ва 2000-2001 иштирок мекунанд.Гуфта мешавад, ки мусобиқа дар дар се марҳила: марҳилаи аввал дар сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ шуруъ аз имрӯз то 30 апрели соли ҷорӣ ва марҳилаи дуюм дар сатҳи ҷумҳуриявӣ 7-8 майи соли равон баргузор мешавад. Марҳилаи саюм дар сатҳи байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия 24-29 майи соли равон баргузор мегардад.Дар назар аст дар мусобиқа дастаҳо аз вилояти Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва инчунин шаҳру навоҳии тобеи марказ иштирок намоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






