Озмуни «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» идома меёбад
Душанбе,11 апрел.(АМИТ «Ховар»,Заррина Саидова ).-Имрӯз бо ибтикори Ассотсиатсияи миллии менеҷерон (АММ) дар бинои меҳмонхонаи «Гулистон-тур 2» бахшида ба пешрафти озмунҳои ҷумҳуриявии «Элитаи бизнеси Тоҷикистон» ва «Менеҷерони беҳтарини Тоҷикистон» дар соли 2013 ва идома додани онҳо нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Ин озмунҳо барои аз ҷониби умум эътироф гардидани комёбию хизматҳои корхонаю ташкилотҳо ва менеҷерони Тоҷикистон, ки аз ҳама бештар саҳми худро барои рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд, равона гардидаанд. Ҳадафи асосии баргузории озмунҳо оммавӣ гардонидани соҳибкории ватанӣ, ташаккули симои мусбати соҳибкорон дар мамлакат, нишон додани кори менеҷер-идоракунандагони ботаҷриба ва пешқадам, тарғиби комёбиҳои онҳо ва ташаккули симои мусбати роҳбар- менеҷерҳо дар Тоҷикистон мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






