Парасту ғолибони худро дарёфт
Душанбе, 11 апрел. (АМИТ «Ховар», Зарангез Латифова).-Даври ҷамбастии озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту — 2013» дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.Ҳайати ҳакамон ба 15 намоишномае , ки дар фестивал аз ҷониби театрҳои ҷумҳурӣ пешкаш гардид, баҳогузорӣ намуданд ва беҳтарин намоишнома – «Чархи гардон»-и муассисаи давлатии Театри академӣ-драммавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҷои аввалро мушарраф гардид.Барои беҳтарин кори режиссёрӣ ба Давлат Убайдуллоев барои таҳияи намоиши «Чархи гардлон »-и Нур Табаров ифтихорнома дода шуда, Нур Табаров бо «Нишони сухан» қадрдонӣ гардид. Вазири фарҳанг Мирзошоҳрух Асрорӣ ба иштирокдорини озмун ва онҳое, ки баҳри пешрафти фарҳанги кишвар ба воситаи ин озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуд.Ба Театри мусиқавӣ — мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қурғонтеппа, Театри академӣ — драммавии ш.Конибодом ,Театри «Лухтак»-и Чкалов, Театри мусиқавӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри мазҳакавӣ- драмавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи Кӯлоб низ диплому ифтихорномаҳо супорида шуданд. Бояд гуфт, ки фестивали мазкур ба 100- солагии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон София Тӯйбоева бахшида шуда буд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






