“Парасту – 2013” ба Душанбе меояд
Душанбе, 4 апрел.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).-Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии “Парасту — 2013” миёни театрҳои касбии Тоҷикистон аз 5-уми апрел дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад.Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд, дар озмун ҳунармандони 15 театри ватанӣ, аз ҷумла Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоиши “Чархи гардон”-и Нур Табаров, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо намоиши “Лаку Пак”, Театри драмаи русии ба номи Александр Пушкини шаҳри Чкалов бо намоиши “Лӯлиён”, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ бо намоиши «Шатҳ» ва дигар театрҳо бо намоишҳои худ ҳунарнамоӣ менамоянд.Фестивал то 10-уми апрел идома ёфта, ҷамъбаст ва муайян намудани ғолибони он дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






