Пардохти нафақа ва дигар кўмакпулиҳо

Апрель 17, 2013 15:14

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Тавре ки аз Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нақшаи ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар семоҳаи аввали соли 2013 ба андозаи 371549,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Мувофиқи таҳлилҳои пешакӣ дар ин муддат ба суратҳисоби агентӣ бо назардошти хароҷоти корхонаю муассисаҳо 366458,1 ҳазор сомонӣ, яъне 98,6 фоизи нақшаи пешбинишуда ворид гардид. Талабот барои пардохти нафақа ва дигар хароҷоти кўмакпулиҳо дар давраи ҳисоботӣ 357486,0 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин муддат аз ҷониби агентӣ барои пардохти нафақа 357486,0 ҳазор сомонӣ маблағғузорӣ гардид. Ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ҷиҳати маблағгузории самтҳои сиёсати шуғл дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 800,0 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.

Апрель 17, 2013 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд