Парлумон қонуни навро баррасӣ намуд

Апрель 15, 2013 14:35

Душанбе, 15 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» қабул мегардад. Дар робита ба ин 15 апрел лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров- раиси Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, баррасӣ шуд.  Сафаралӣ Раҷабов -раиси кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонунро муаррифӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» бо мақсади иҷрои дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи воқеии иқтисодиёт, молия, низоми асъорӣ ва савдои берунаи ҷумҳурӣ, воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таҳия шудааст. Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» аз 4 боб ва 24 модда иборат аст. Лоиҳаи қонун муносибатҳои ҷамъиятии танзими асъор ва назорати асъорро муқаррар намуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдории сарватҳои асъорӣ муайян менамояд.

Апрель 15, 2013 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад