Пасандозҳои шахсони воқеӣ зиёд шуданд
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Махмадбекова). — Афзудани пасандозҳо аз баланд шудани эътимод ва боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ шаҳодат медиҳад. Аз рӯи иттилои хадамоти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон дар ин кор фаъолияти босамари ташкилотҳои қарзӣ ва кафолате, ки Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии пасандоздорон пешниҳод менамояд, нақши калон мебозад. Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи марти соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз афзун гашт. Тавре ки таҳлили таркиби бақияи ҳаҷми пасандозҳо нишон дод, 35,6 фоиз ё 1 млрд. 769,7 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 64,4 фоиз ё 3 млрд. 205,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳад. Аз рӯи иттилои манбаъ, дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ фоизҳои миёнавазни пасандозҳо бо пули миллӣ 15,12 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,88 фоизи солонаро ташкил намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






