Пешбурди назарраси корҳои сохтмонӣ дар ВМКБ
Хоруғ, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҷ. Улфатшоев).-Пешбурди корҳои сохтмонӣ самти муҳим буда, дар давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми маблағгузорӣ 27 362,4 ҳазор сомонӣ ташкил дод, ки ин нисбат ба семоҳаи аввали соли 2012 2,9 маротиба зиёд мебошад. Аз ҳаҷми маблағгузориҳо 8 378,3 ҳазор сомонӣ маблағгузории давлатӣ ва 1 894,1 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби инвеститсияи хориҷӣ мебошад. Корҳои сохтмонию васлкунӣ дар ҳаҷми 27209,6 ҳазор сомонӣ иҷро шуданд.Инвеститсияи хориҷӣ 18 984,1 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он дар сохтмони роҳи Шоҳон-Зиғар истифода шудааст.Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 барои сохтмони иншооти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят 4,5 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин маблағ барои сохтмони хонаҳои фарҳангии ноҳияи Рўшон, деҳоти Қурбоншо Гадоалиеви ноҳияи Роштқалъа , мактабҳои деҳаҳои Ғудараи ноҳияи Рўшон, Барсеми ноҳияи Шуғнон ва дигар корҳо равона мешавад.Дар семоҳаи аввали соли 2013 ҳаҷми корҳои пудратии ташкилотҳои сохтмонии вилоят 1821,0 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта зиёд аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






