Пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ

Апрель 19, 2013 15:43

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Дирӯз дар Маркази таълимии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон курси дурӯзаи омӯзишӣ барои кормандони хадамоти амнияти дохилии агентӣ оғоз гардид. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур иттилоъ доданд, дар тренинг масъалаҳои этикаи касбии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини бехатарии онҳо, пешгирӣ аз зуҳуроти коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тартиби интихоб ва омӯзиши номзадҳо барои кор дар агентӣ, самтҳои асосии фаъолияти хадамоти амнияти дохилӣ, ҳамчунин ҳуҷҷатҳои методие, ки ба ин самти фаъолият равона шудаанд, баррасӣ шуданд Тренинг ба кормандони агентӣ имкон фароҳам меорад, ки малакаҳои заруриро барои ташкили кори хадамоти амният ва таҳияи ҳуҷҷатҳои роҳбарикунанда ва методии мутобиқ ба меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ ҳосил намоянд.

Апрель 19, 2013 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш