Пешгирии садаманокӣ дар Муъминобод
Муъминобод, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Кормандони шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилии ноҳияи Муъминобод баҳри пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, ошкор ва мусодираи яроқу аслиҳаи оташфишон ва лавозимоти ҳарбӣ, инчунин баланд бардоштани интизоми меҳнат дар корҳои назоратӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида, дар ин самт чораҳои фаврӣ мебинанд. Бинобар иттилои сардори шуъбаи мазкур майори милитсия Абдусалом Искандаров дар се моҳи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии садаманокӣ ва дигар намуди қонуншиканиҳо нозирони роҳ 612 ронандаи қонуншиканро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашиданд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33 адад зиёд мебошад. Кормандони БДА дар 3 моҳи соли ҷорӣ 200 адад нақлиёти гуногунтамғаро аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузарониданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






