Пешниҳоди қарзҳои хурд 49,3 фоиз афзуд
Душанбе, 4 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бақияи умумии қарзҳо дар ҷумҳурӣ дар моҳи марти соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,4 фоиз зиёд шуда, қариб 5,7 млрд. сомониро ташкил намуд.Ба мухбири АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки аз ин маблағ 2, 3 млрд. сомонӣ қарзҳо бо пули миллӣ ва 3, 3 млрд. сомонӣ бо асъори хориҷӣ дода шудаанд. Дар маҷмуъ дар таркиби он 60,9 фоизро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 39,1 фоизро қарзҳои дарозмуддат ташкил намуданд, ки афзоиши устувори ҳиссаи қарзҳои дарозмуҳлатро инъикос мекунад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-феврали соли ҷорӣ бо пули миллӣ ба 25,45 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 24,93 фоизи солона баробар шуд. Бинобар зиёд гардидани талабот ба қарзҳои хурд пешниҳоди онҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ дучанд афзоиш ёфта, назар ба ҳамин санаи соли қаблӣ 54,7 фоизро зиёд шуд. Ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дар ин давра 135,4 млн. сомонӣ қарзи хурд дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 49,3 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






