Президент ба Парлумон Паём мефиристад
Душанбе, 25 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Фардо -26 апрели соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум баргузор мегардад. Дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумони мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар чордаҳумин Паёми худро ироа месозад, ки он фарогири самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Ба ҷаласаи чоруми муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум аъзои палатаи болоӣ ва вакилони палатаи поёнии Парлумони мамлакат, кормандони дастгоҳи иҷрояи Президенти ҷумҳурӣ, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии кишвар, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва васоити ахбори омма давъат шудаанд, мегӯяд Шавкат Саидов, ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ.Мавриди зикр аст, ки Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба парлумони мамлакат таваҷҷуҳи махсусро ба рушди устувори иқтисодиёти миллӣ нигаронида буд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти кишвар ва нақшаҳои пешбинишуда дар доираи се ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ таҳия шудаанд. Ҳамзамон Президенти мамлакат ба аҳамияти зиёди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва тақвияти амният дар кишвар махсус таъкид намуда буд, ки татбиқи ин равандҳо, бешак, ба рушду устувор ва пешрафту шукуфоии сарзаминамон мусоидат менамоянд. Бояд тазаккур дод, ки Президенти ҷумҳурӣ аз соли 2000 бо таъсиси Парлумони дупалата-Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намяондагон ҳамасола дар Парлумон бо Паём баромад менамояд. Ҷараёни 14-умин Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мегардад, тавассути тамоми шабакаҳои телевизионҳои давлатӣ мустақиман намоиш дода мешавад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






