Президент: «Рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дорад»
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар солҳои истиқлолият ба рушди деҳот афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, ки татбиқи аксари лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ ва маорифу тандурустӣ дар ҳамаи шаҳру деҳоти мамлакат аз он шаҳодат медиҳад. Ин нуктаро зимни ироаи Паёми худ ба Парлумони кишвар 26 апрел Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт. Вай афзуд, ки бо ин мақсад то ба имрӯз 42,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки 82 фоизи он маблағҳои буҷаи давлатӣ мебошад. То ба ҳол қариб 90 фоизи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодаанд.«Дар ин давра, барои рушди шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 4,8 миллиард сомонӣ, вилоятҳои Хатлон 10,7 миллиард, Суғд 12 миллиард, шаҳри Душанбе 7 миллиард ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 8 миллиард сомонӣ равона гардидааст», — иттилоъ дод Э. Раҳмон.Президенти мамлакат тазаккур дод, ки бо вуҷуди ин, зарур аст, ки барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳру ноҳияҳо бо назардошти боз ҳам беҳтар ва самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои онҳо таҳия шаванд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






