Принсипҳои асосии истифодаи самараноки маводи доруворӣ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-Ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти худ ва паҳн намудани иттилооти эътимодноку илман исботшуда дар мавриди маводи доруворӣ барои кормандони соҳаи тиб, Маркази иттилоотӣ оид ба маводи доруворӣ (МИМД) бо Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии ДДТТ ҳамкориҳои босамарро ба роҳ мондааст. Тавре ки ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон хабар доданд, натиҷаи ин ҳамкориҳо ворид намудани барномаи МИМД дар курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии баъдидипломӣ мебошад ва дар ин замина як семинари омӯзишӣ 23 апрели соли ҷорӣ дар мавзӯи «Принсипҳои асосии истифодаи самараноки маводи доруворӣ» доир шуд. Инчунин манбаъ зикр намуд, ки МИМД дар оянда низ ташкили чунин чорабиниҳоро бо ин ва дигар марказҳо идома медиҳад.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






