Рӯҳи «Саъдии Ҳиндустон»-ро дар Душанбе шод гардониданд
Душанбе, 11 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Осори барҷастаи шоир, ориф ва мутафаккири бузурги форсизабони саддаи 12 -13 -и машриқзамин Амир Хусрави Деҳлавӣ бо гузашти 8 қарн, ҳоло ҳам дар ташаккули ҳавзаи тамаддуни мардумони форсизабон мақоми шоиста дорад». Ин матлаб дар ҷараёни конфронси байналмилалии «Саҳми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ», ки имрӯз дар Душанбе бо ҳузури олимону муҳаққиқон аз кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Ҳиндустон доир гардид, садо дод. Ҳамоиши байналмилалӣ ба ифтихори 760-солагии шоир ва мутафаккири бузурги форс –Яминуддин Абдулҳасан Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325) бо ибтикори Пажуҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО созмон дода шудааст. Дар ҳамоиш сафирони кишварҳои Афғонистон- Абдулғафури Орзу, Эрон- Алиасғари Шеърдӯст, Озарбойҷон Аббосалӣ Ҳасанов, донишмандони тоҷик Кароматулло Олимов, Мирзо Муллоаҳмадов, мудири Пажуҳишгоҳи байналмилалии таҳқиқоти Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО Шоҳин Мустафоев, донишманди озарӣ, мудири осорхонаи Низомии Ганҷавии шаҳри Боку Рафаел Ҳусейнов доир ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёт ва осори нотакрори нобиғаи бузурги машриқзамин — Амир Хусрави Деҳлавӣ, хусусан аҳамияти ҷаҳонии мактаби эҷодии Низомии Ганҷавӣ ва ҷойгоҳи Амир Хусрави Деҳлавӣ дар рушди он, бузургдошти инсон дар «Матлаъ-ул-анвор»-и шоир сухан намуданд. Ин абармарди шеъру адаб дар ғазалсароӣ ба Саъдӣ, дар эҷоди маснавӣ ба Низомии Ганҷавӣ пайравӣ намудааст. Аз ин рӯ шоирро “Саъдии Ҳиндустон” ном мебаранд. Мавриди зикр аст, ки конфронси байналмилалии «Саҳми Амир Хусрави Деҳлавӣ дар фарҳанги Осиёи Марказӣ» фардо корашро идома дода, меҳмонони ҳамоиш- донишмандону муҳаққиқон аз марказҳои илмию фарҳангии Тоҷикистон –назири Китобхонаи миллӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






