«Рӯзи Тоҷикистон» дар мактаби мисрӣ
Душанбе, 25 апрел. (АМИТ «Ховар» ).- 22 апрели 2013 дар яке аз литсейҳои мисрӣ – мактаби миёнаи забонҳои «ас-Саҳва» дар вилояти Гизаи Ҷумҳурии Мисри Араб «Рӯзи байналмилалӣ»-и Миср ҳамроҳ бо 10 кишвари ҷаҳон –Англия, Испания, Италия, Гавайи, Африқои Ҷанубӣ, Ҳиндустон, Арабистони Саудӣ, Судон, Фаластин ва Тоҷикистон баргузор гардид.Хонандагони синфи 4-уми ибтидоӣ, ки барои намоиш Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб карда буданд, дар тан либосҳои миллии тоҷикӣ Суруди миллии Тоҷикистонро азёд бо оҳангаш ба забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ хонда, дар саҳни мактаб намунаҳои рақсу суруди тоҷикиро дар назди тамошобинон бо маҳорати баланд иҷро карданд.Намоишгоҳи Тоҷикистон дар байни дигар намоишгоҳҳо рангину ҷолибтар ташкил шуда буд. Онро парчами миллӣ, тарҷимаи арабии чоргонаи Эмомалӣ Раҳмон » «Тоҷикон дар оинаи таърих», китоби мусаввари «Хазинаи тиллоии тоҷикон», лавҳаҳои рассомон бо тасвири табиати зебои Тоҷикистон, либосҳо ва таомҳои миллии тоҷикӣ оро медоданд.Дар «Рӯзи байналмилалӣ»-и мактаби миёнаи забонҳои «ас-Саҳва» сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Н.Назаров иштирок ва суханронӣ кард.Ҳамроҳ бо роҳбарияти мактаб қарор шуд, ки хонандагони синфи 4-уми ибтидоӣ, ки барои худ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари дӯстдошта ихтиёр кардаанд, минбаъд ҷиҳати омӯзиши бештари ин кишвар бо Сафорати Тоҷикистон дар Қоҳира дар тамоси доимӣ боқӣ хоҳанд монд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






