Р. Эмомалӣ: «Ба футболбозони наврас диққати ҷиддӣ бояд дод»
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», Баҳманёр Муродов).-Дарвозабони собиқи дастаи мунахаби Тоҷикистон оид ба футзал Анвар Мирзоев бо қарори Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ раиси Кумитаи футболи наврасону ҷавонони ин федератсия интихоб шуд. Дар ин бора сомонаи расмии ФФТ иттилоъ дода, афзудааст, ки ҳамчунин Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти кумитаи футболи ҷавонону наврасон изҳори норозигӣ карда, таъкид намудааст, ки бояд ба футболи наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир шавад. «Наврасон ояндаи моянд ва мо бояд баҳри онҳо ҳама шароитро фароҳам орем»,- гуфтааст Рустами Эмомалӣ.Раиси тозаинтихоби Кумитаи футболи наврасону ҷавонони ФФТ Анвар Мирзоев соли 1968 таваллуд шуда, чун дарвозабон дар дастаҳои «Равшан», «Ирригатор», СКА «Помир», «Гвардия», «Регар-ТадАЗ» фаъолият карда, ҳамчунин дарвозаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзалро низ муҳофизат намудааст.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






