Р.Масов ҷоизи «Ситораи Иттиҳод»

Апрель 22, 2013 11:47

Маскав, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – 25 апрел дар хонаи Пашкови Китобхонаи давлатии Русия маросими чоруми ботантанаи супурдани Мукофоти байнидавлатии ИДМ «Ситораи Иттиҳод» баргузор мегардад. «Ситораи Иттиҳод» ҳар сол дар соҳаи илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти башардӯстона барои саҳми бузург ва дастовардҳои мутобиқ ба сатҳи ҷаҳонӣ супурда шуда ва ба ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ мусоидат мекунад. Олими намоёни тоҷик, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Раҳим Масов ҷоизи ин мукофоти мӯътабар дар соҳаи илму маориф дар соли 2012 гардид. Мукофоти байнидавлатии ИДМ «Ситораи Иттиҳод» — ро Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ 21 майи соли 2009 дар ҷаласаи муштарак дар шаҳри Остонаи Қазоқистон таъсис дода буд. Арзиши мукофот 2 миллион рубли русиягиро ташкил медиҳад.

Апрель 22, 2013 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад