Р.Назаров дар ҷаласаи котибони ША СҲШ
Душанбе, 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – Имрӯз дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти Созмони Ҳамкории Шанхай масоили ҳамкорӣ дар бахши мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди баррасӣ қарор мегирад.Тавре ки аз маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ Рустам Назаров ширкат ва суханронӣ мекунад. Дар ҷаласа масоили таъмини амнияти фазои Созмони Ҳамкории Шанхай бо назардошти вазъияти тағйирёбандаи минтақа, ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ дар мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ғайра баррасӣ мешавад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, маърӯзаи роҳбарии сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ перомуни фаъолияти созмон мавриди муҳокима қарор гирифта, котибони Шӯрои амнияти СҲШ макону замони гузаронидани ҷаласаи навбатиро муайян мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






