Рамазон Раҳимов ҷаласаи фаврӣ доир намуд
Душанбе, 8 апрел . (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонкулова).- Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов ҳисоботи гуруҳи махсуси фавриро, ки бо Фармони алоҳида оид ба ҷустуҷӯи ноболиғон Малика Аралова ва Сабина Аралова таъсис ёфта буд, дар ҷаласаи фаврии наздаш шунид.Тавре ки сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, вазири корҳои дохилӣ ҳисоботи шахсони масъулро шунида гуфт, ки вобаста ба масъалаи мазкур гарчанде корҳои зиёд гузаронида шудааст, вале дар самти кори фаврию ҷустуҷӯӣ оид ба ин масъала камбудиҳои ҷиддӣ ба назар мерасанд, ки дар маҷмуъ натиҷаи дилхоҳ надодааст. Дар ҷаласа ба гуруҳи фаврӣ супориш дода шуд, ки ба масъалаи мазкур ҷиддӣ муносибат намуда, корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ ва тафтишотиро, ки ба ғайб задани ноболиғон вобастагӣ доранд, пурзӯр намоянд ва барои онҳо муҳлати дақиқ муайян кард.Аз ҷониби вазири корҳои дохилӣ ба шахсони масъул супоришҳои мушаххаси қатъӣ ва муфассали дахлдор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






